Дидори кормандони “Садои Хуросон” бо сафири Тоҷикистон дар Эрон
Кормандони радиои “Садои Хуросон” бо сафири Тоҷикистон дар Эрон, ки ба Машҳад сафар карда буд, дидору гуфтугӯ карданд.
Дар дидори Неъматуллоҳ Эмомзода бо кормандони радиои “Садои Хуросон” дар бораи мавзӯоте чун муносиботи Эрону Тоҷикистон, талош барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ ва баргузории нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангии ду кишвар дар соли оянда дар шаҳри Машҳад баҳсу табодули назар шуд. Доир кардани чанд намоишгоҳи саноатии устони Хуросони Разавӣ ва Эрон дар шаҳри Душанбе низ аз дигари мавзӯоти ин дидор буд.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон бо ишора ба сафари вазири умури хориҷии Эрон ба Тоҷикистон, баргузории нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дар Душанбе ва афзоиши сафари ҳайатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон, муносиботи Душанбе ва Теҳронро рӯ ба рушд хонд. Эмомзода таъкид кард, ки пас аз як муддат вақфа дар равобити Эрону Тоҷикистон акнун ду тараф дар талош ҳастанд, ки мизони муомилоти бозаргонии дуҷониба афзоиш ёбад. Ӯ хостори истифода аз таҷоруби арзишманди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи расидан ба худкифоӣ дар тавлиди маҳсулоти мухталиф, саноати ғизоӣ, улуму фанновариҳои пешрафта шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар ин дидор аз кормандони “Садои Хуросон” хост, барои густариши равобити сиёсӣ, иқтисодию тиҷорӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии байни ду кишвари форсизабон талош кунанд.