Бузургдошти Худоӣ Шариф дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Машҳад
(last modified Fri, 01 Dec 2017 16:05:12 GMT )
Декабр 01, 2017 21:05 Asia/Dushanbe

Дар ҳошияи баргузории нуздаҳумин Намоишгоҳи китоби ноширони ҷаҳони Ислом дар шаҳри Машҳади Эрон аз шахсияту осори профессор Худоӣ Шариф ва худматҳои ӯ дар рушди адабиёти форсу тоҷик  ёд шуд.

Намоишгоҳи китоби ноширони ҷаҳони Ислом яке аз 170 фаъолияте аст, ки ба муносибати интихоби Машҳад ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2017 дар назар гирифта шудааст.

Доктор Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ, устоди барҷастаи забону адабиёт ва раиси фарҳангсарои “Фирдавсӣ” дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Садои Хуросон” дар бораи барномаи бузургдошти зиндаёд Худоӣ Шариф тавзеҳоте ироа кард.

Худоӣ Шариф, донишманди фарҳехта ва муҳаққиқи адабиёти форсӣ - тоҷикӣ моҳи октябри имсол, дар синни 80-солагӣ дори фониро видоъ гуфт.