Истиқбол аз ҳамоиши Эроншиносӣ дар Албания
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26189-Истиқбол_аз_ҳамоиши_Эроншиносӣ_дар_Албания
Ҳамоиши Эроншиносӣ дар Албания мавриди истиқболи алоқамандон қарор гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 02, 2017 07:10 Asia/Dushanbe
  • Истиқбол аз ҳамоиши Эроншиносӣ дар Албания

Ҳамоиши Эроншиносӣ дар Албания мавриди истиқболи алоқамандон қарор гирифт.

Ҳамоиши Эроншиносӣ рӯзи ҷумъа бо ҳиммати ройзании фарҳангии сафорати Эрон ва мушорикати китобхонаи марказӣ ва донишгоҳи шаҳри Бароти Албания дар салони ҳамоиши китобхонаи марказии ин шаҳр баргузор шуд ва мавриди истиқболи алоқамандон қарор гирифт .

Саид Аҳмад Ҳусайнии Алсат, ройзани фарҳангии сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Албания низ дар ин ҳамоиш гуфт, Эрону Албания дар тӯли торих ҳаргиз хотираи талхе аз якдигар надоштаву ҳамвора равобит бар мабнои фарҳанг, самимият ва шеъру адаб устувор будааст .

Урбан Яупей, раиси китобхонаи марказии шаҳри Бароти Албания ҳам таи суханоне мабсут ба таҳлили шеъру адаб ва фарҳанги эронӣ пардохт ва як шоири албанияӣ қатаоте аз ғазалиёти Ҳофиз ва ашъори Саъдиро қироат кард .