Омодагии Башор Асад барои мусолиҳаи сиёсӣ
Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилал аз омодагии раиси ҷумҳурии Сурия барои мусолиҳаи сиёсӣ бо мухолифон дар чорчӯби демократӣ хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён рӯзи ҷумъа дар дидори Берге Бренде, вазири умури хориҷаи Норвегия дар Теҳрон гуфт: "Башор Асад ин омодагиро дорад, ки дар чорчӯби демократӣ мусолиҳаи сиёсӣ сурат гирад ва давлати Димишқ бо мухолифони муътақид ба роҳкори сиёсӣ ба музокира биншинад. Аммо Асад наметавонад дар баробари нақзи амният ва суботи кишвараш ва таҳаррукоти террористӣ, ки бо ҳимояти хориҷӣ анҷом мешавад, бетафовут бошад ва набояд аз ӯ интизор дошт, ки калиди ҳукуматро ба мухолифон таслим кунад".
Амирабдуллоҳиён гуфт, агар Амрико ва Арабистон коршиканӣ ва аз террористҳо ва гурӯҳҳои мусаллаҳи бемасъулият ҳимоят намекарданд, Сурия акнун дар масири ҳалли сиёсии буҳрон қарор дошт.
Дастёри раиси Маҷлиси Эрон мавзеи Теҳронро дар қиболи буҳрони Сурия ҳамчунон гуфтугӯҳои сиёсӣ ва парҳез аз равишҳои амниятӣ ва низомӣ донист ва гуфт: "Эрон ҳамчунон ба кӯмакҳои мушовирони худ ба Ироқ ва Сурия дар мубориза бо терроризм идома медиҳад".
Вазири умури хориҷаи Норвегия низ дар ин дидор гуфт, Осло аз роҳҳалли сиёсӣ барои буҳрони Сурия ҳимоят ва ба шитоби бештари ин раванд низ кӯмак хоҳад кард ва аз тарафҳо мехоҳад, ки ба усули муштарак бирасанд.