Пизишки эронӣ ҷонишини раиси Федератсияи ҷаҳонии “тибби сӯзанӣ” шуд
Доктор Амирҳуман Козимӣ, устодёри Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон имрӯз (шанбе), дар интихоботи ҳайати раиса ва маҷмааи умумии Федератсияи ҷаҳонии “тибби сӯзанӣ” дар Пекин (пойтахти Чин), ба унвони ноиб раиси ин федератсия интихоб шуд.
Нӯҳумин маҷмааи умумии Федератсияи ҷаҳонии “тибби сӯзанӣ”, бо ҳузури асотид ва мутахассисони “тибби сӯзанӣ” аз ҳудуди 60 кишвари дунё, аз ҷумла мудири кулли дафтари “тибби суннатӣ” ва талфиқи Созмони беҳдошти ҷаҳонии “World Health Organization” аз рӯзи ҷумъа дар Пекин оғоз шудааст.
Козимӣ, ки устоди Донишгоҳи тибби суннатии Пекин аст, чанде пеш ҳам ба унвони яке аз муовинини дабири кулли Анҷумани тахассусии техникҳои камтаҳоҷӯмии тибби сӯзании Чин интихоб шуда буд.