Декабр 02, 2017 20:49 Asia/Dushanbe
  • Вилоятӣ: Зарурати имрӯзи ҷаҳони Ислом ваҳдат дар баробари тафриқаафканӣ аст

Мушовири раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар умури байналмилал, гуфт, зарурати имрӯзи ҷаҳони Ислом, ваҳдат ва инсиҷом дар баробари тафриқаафканиҳо аст.

Алиакбари Вилоятӣ, мушовири раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар умури байналмилал дар паёме ба муносибати милоди Расули гиромии Ислом (с) ва оғози ҳафтаи ваҳдат, ибтикори ҳазрати Имом Хумайнӣ, бунёнгузори кабири Инқилоби Исломӣ дар эъломи ҳафтаи ваҳдатро, заминасози эҷоди ваҳдат ва якпорчагӣ дар миёни уммати исломӣ донист.

Вилоятӣ гуфт, талоши душманон барои табдили муборизаи исломӣ- саҳюнистӣ ба тақобули исломӣ - исломӣ барои эҷоди ҳошияи амн ва тазмини суботи режими саҳюнистӣ бо ваҳдати уммат ва ҷаҳони Ислом ва албатта муқовимат ва истодагии меҳвари муқовимат, токунун ба шикаст анҷомида ва бетардид дар идома низ ин тавтеаҳои шум муҳаққақ нахоҳад шуд.

Алиакбари Вилоятӣ тасреҳ кард, сиёсати усулии Эрон аз ибтидо токунун ҳифзи ваҳдат, иртиқо ва тақриби мазоҳиб ва парҳез аз ҳар гуна ихтилофафканӣ ва таъкид бар иштирокоти фаровони уммати Ислом ба ҷои бархе тафовути дидгоҳҳост ва ин бахши муҳимме аз омӯзаҳои Паёмбари гиромии Ислом (с) дар умматсозӣ ва таолими ваҳдатофарин будааст.

Ҷумъа 12-рабеъ –ул аввали 1439 ҳиҷри қамарӣ, мусодиф бо аввали декабри 2017, оғози ҳафта ваҳдат аст. Аҳли суннат, 12-рабеъ –ул аввал ва шиаён 17 рабеъ-ул аввали ин моҳро солрӯз вилодати Паёмбари гиромии ислом (с) миедонанд.