Эрон ба технологияи тавлиди батареяи ҳастаӣ даст ёфт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26291-Эрон_ба_технологияи_тавлиди_батареяи_ҳастаӣ_даст_ёфт
Муовини Созмони энержии атомии Эрон, гуфт, бо тавлиди батареяи ҳастаӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар радифи панҷ кишвари дорандаи ин фанноварӣ қарор гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 03, 2017 12:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба технологияи тавлиди батареяи ҳастаӣ даст ёфт

Муовини Созмони энержии атомии Эрон, гуфт, бо тавлиди батареяи ҳастаӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар радифи панҷ кишвари дорандаи ин фанноварӣ қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Алиасғари Зореон гуфт, дар ҳавзаи батареяи ҳастаӣ дар ҳоли ҳозири Амрика, Бритониё, Фаронса ва Русия ба ин фанноварӣ расидаанд ва хушбахтона пас аз чаҳор сол талоши шубонарӯзӣ, имрӯз Эрон ҳам дар радифи ин кишварҳо қарор гирифта ва ба ин технология даст ёфтааст.

Бо тавлиди батареяи ҳастаӣ дигар умри батареяи мобил, батареяи қалб, батареяи таъсисот ва таҷҳизоти пизишкӣ, санъати нафт, ҳаффорӣ, ки ҳамвора ба шорж (заряд) ниёз дошт, бо умр беш аз панҷ то 50 сол бидуни шорж метавонад, дар хидмати мардум қарор гирад ва таҳаввуле бузург дар ин арса эҷод кунад.