Зарродхонаҳои химиявӣ хатаре, ки сулҳу амнияти ҷаҳониро ҳамчунон таҳдид мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26303-Зарродхонаҳои_химиявӣ_хатаре_ки_сулҳу_амнияти_ҷаҳониро_ҳамчунон_таҳдид_мекунад
Ғуломҳусайни Деҳқонӣ, мудири кулли умури сиёсӣ ва амнияти байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар 22-умин Конфронси кишварҳои узви Конвенсияи манъи силоҳҳои химиявӣ, ки дар Лоҳаи Ҳолланд ба кори худ поён дод, вуҷуди зарродхонаҳои химиявиро хатаре барои сулҳу амнияти ҷаҳонӣ донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 03, 2017 17:25 Asia/Dushanbe
  • Зарродхонаҳои химиявӣ хатаре, ки сулҳу амнияти ҷаҳониро ҳамчунон таҳдид мекунад

Ғуломҳусайни Деҳқонӣ, мудири кулли умури сиёсӣ ва амнияти байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар 22-умин Конфронси кишварҳои узви Конвенсияи манъи силоҳҳои химиявӣ, ки дар Лоҳаи Ҳолланд ба кори худ поён дод, вуҷуди зарродхонаҳои химиявиро хатаре барои сулҳу амнияти ҷаҳонӣ донист.

Аз миён бурдани силоҳҳои химиявӣ аз пояҳои Конвенсияи манъи силоҳҳои химиявӣ аст, аммо мутаассифона ҳамчунон шоҳиди истифодаи рӯзафзун аз силоҳҳои химиявӣ ба вижа дар минтақаи Ховари Миёна ҳастем.

Истифодаи террористҳо аз силоҳҳои химиявӣ дар солҳои ахир аз ҷумла дар Сурия аз омилҳои тозаест, ки ба ин баҳс афзуда шудааст. Ин иқдоми зиддиинсонӣ натиҷаи ҳимояти бархе аз кишварҳо аз ҷумла Амрикост.

Ҷомеаи байналмилалӣ борҳо зимни маҳкум кардани истифода аз ин силоҳ аз дорандагони силоҳҳои химиявӣ ба вижа Амрико хостааст, амалиёти инҳидоми зарродхонаҳои химиявии худро то поёни муҳлати таъиншуда ҳарчи зудтар ба анҷом бирасонанд.

Инҳидоми захоири силоҳҳои химиявӣ муҳимтарин бахши тааҳҳуди кишварҳои узви Конвенсияи манъи силоҳҳои химиявӣ аст.

Ба рағми ин тааҳҳуди ҷаҳонӣ, Амрико ба унвони бузургтарин дорандаи силоҳи химиявӣ аз анҷоми тааҳҳудоти худ тафра меравад.

Эрон аз ҷумлаи қурбониёни силоҳҳои химиявӣ аст. Режими ҷинояткори Саддом таи солҳои ҷанги таҳмилӣ алайҳи Эрон беш аз сад ҳазор эрониро дар шаҳрҳову манотиқи марзӣ ва низ дар ҷибҳаҳои ҷанги таҳмилӣ шаҳиду масдум кард.

Дар ҷарёни ҷанги таҳмилӣ дар 24 июни 1988, бар асари бомбборони химиявии шаҳри Сардашт дар ғарби Эрон тавассути режими мутаҷовизи Саддом беш аз сад тан аз мардуми ғайринизомӣ ҷон бохтанд ва ҳашт ҳазор нафари дигар низ дар маърази газҳои саммӣ қарор гирифтанд .

Ин нахустин ҷинояте буд, ки таи он як шаҳру маҳалли сукунати ғайринизомиён дар ҷаҳон бомбборони химиявӣ мешуд.

Асноде, ки солҳо баъд аз ин ҷиноят мунташир шуд, нишон дод, беш аз дусад ширкати аврупоӣ аз кишварҳои Ҳолланд, Олмон ва Фаронса ба режими баъси Саддом анвои маводи химиявии хатарнокро барои тавлиди ин навъи силоҳи мамнуа фурӯхтанд .

Бо таваҷҷуҳ ба абъоди васеи ин нигаронӣ аст, ки намояндаи Эрон дар нишасти Лоҳаи Ҳолланд, бо ҳушдор дар ин замина, аз Созмони манъи силоҳҳои химиявӣ дархост кард, то талошҳои худро барои нобудии ин силоҳҳо бавижа силоҳҳои химиявии режими саҳюнистӣ, ки бо вуҷуди доштани силоҳҳои куштори ҷамъӣ узви ҳеч як аз муоҳидоти байналмилалӣ дар ин замина нест, афзоиш диҳад .