Декабр 04, 2017 11:36 Asia/Dushanbe
  • Ёду номи Паёмбари Акрам (с) ваҳдатофрин аст

Дабири кулли Маҷмааи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, вуҷуди Паёмбари гиромии Ислом (с)-ро ба ҳар шакле барои уммати исломӣ, ваҳдатофарин донист.

Оятуллоҳ Мӯҳсини Арокӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории донишҷӯёни Эрон, дар бораи масъалаи ваҳдат ва вуҷуди Набии мукаррами Ислом (с) дар шаклгирии он бо баёни ин ки вуҷуд, ёду номи ҳазрати Муҳаммад (с) ваҳдатофрин аст, хотирнишон кард, мусулмонон барои расидан ба ваҳдат бояд дар масири фармонҳое, ки аз сӯи ҳазрати Муҳаммад (с) барои онҳо омадааст, ҳаракат кунанд.

Дабири кулли Маҷмааи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, манзур аз ваҳдати шиа ва сунниро канор гузоштани масоили ихтилофӣ ва такя бар муштаракот ва мабно қарор додани онҳо дар таомул бо якдигар ва дар масоили марбут ба ҷаҳони Ислом ва саҳнаи байналмилал баршумурд ва тасреҳ кард, ихтилофҳо монеъ аз ухуввати исломӣ ва ваҳдати сафҳои мусулмонон дар баробари душманон нест.

Оятуллоҳ Мӯҳсини Арокӣ бо таъкид бар ин ки баргузории оини милоди Паёмбари Акрам (с) метавонад, нақши муассире барои эҷоди ваҳдат дар миёни мусулмонон дошта бошад, тасреҳ кард, асоси ваҳдат, шахси Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

Аҳли суннат, 12-уми моҳи рабеъ-ул аввал ва шиаён 17-уми ин моҳро солрӯзи вилодати Паёмбари гиромии Ислом (с) ме‎донанд. Ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳадафи ваҳдати ҷаҳони Ислом, фосилаи байни ин ду таърих (12 то 17 рабеъ-ул аввал)-ро «ҳафтаи ваҳдат» ном‎гузорӣ карданд.

Дабири кулли Маҷмааи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба инки тафаккури ДИИШ ҳамчунон дар байн бархе аз ҷавомеъ вуҷуд дорад гуфт, дар марҳалаи пасо ДИИШ, ки дигар марҳалаи низомӣ нест, уламо, ҳунармандон, аҳоли расона, фарҳехтагон ва ҳамаи озодагон бояд талош кунанд, то андешаи дииш-ӣ ба таври комил аз миён биравад.