Эътирози расмии Эрон ба Амрико барои қатли ҷавони эронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26389
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон барои қатли ҷавони эронӣ расман ба давлати Амрико эътироз кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 05, 2017 14:42 Asia/Dushanbe
  • Эътирози расмии Эрон ба Амрико барои қатли ҷавони эронӣ

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон барои қатли ҷавони эронӣ расман ба давлати Амрико эътироз кард.

Баҳроми Қосимӣ дар бораи эътирози расмии ҷумҳурии исломии Эрон ба қатли Бежани Қайсар, ҷавони 25 солаи эронӣ ба давлати Амрико изҳор кард: Эрон эътирози худро бо таслими як ёддошти расмӣ ба сафири Швейтсария ба унвони ҳофизи манофеи Амрико дар Теҳрон, нишон дод .

Полиси Амрико Бежани Қайсар, ҷавони эрониро дар иёлоти Вирҷиния ба баҳонаи гурехтан аз саҳнаи тасодуф, ҳадафи гулула қарор дод ва вай пас аз чанд рӯз бистарӣ дар бемористон, 27 ноябри 2017 ҷон бохт .

Ӯ тасреҳ кард: Эрон дар ин ёддошт ба иқдоми хушунатомезу ғайри қобили қабули полиси Амрико ишора ва тавзеҳи расмӣ ва равшан шудани абъоди ин ҳодисаи ғайриқонуниро аз давлати Амрико хостор шудааст .

Қосимӣ таъкид кард: Амрико бояд авомили ин иқдомро мавриди пайгирии қазоӣ қарор диҳаду хисороти воридаро ҷуброн кунад .