Декабр 05, 2017 18:17 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, имрӯз пояҳои аслии терроризм дар минтақа фурӯ рехтааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе дар 31-умин Конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон зимни табрики айёми вилодати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), Паёмбари Ислом ва Имом Ҷаъфари Содиқ (а), набераи гиромии эшон ва низ фаро расидани Ҳафтаи ваҳдати исломӣ гуфт, мубориза бо терроризм то решакан шудани тамоми авомилу ёрони террористҳо дар минтақа ҳамчунон идома дорад. Рӯҳонӣ таъкид кард, бахши аъзаме аз тавтеаи бузурге, ки қудратҳои ҷаҳонӣ, истикбор ва саҳюнизм алайҳи миллатҳои минтақа тарроҳӣ карда буданд, “нақше бар об” шудааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба эъломи алании дӯстии бархе кишварҳои минтақа бо режими саҳюнистӣ ва душманӣ бо ҷабҳаи муқовимат гуфт, нухбагон, уламо ва ҷавонон иҷоза нахоҳанд дод, ин нақшаи шуми душманӣ бо муқовимат ба самар бирасад. Рӯҳонӣ гуфт, амрикоиҳо, истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнистҳо бояд дар баробари миллатҳо посухгӯ бошанд, ки чаро фарзандони мардумро дар ин минтақа куштанд. “Чаро осори тамаддунеро вайрон ва кишварҳои минтақаро ба вайрона табдил карданд? Чаро силоҳу бомб ироа мекунанд, то мардуми Яман зери бомбборон нобуд шаванд? Чаро дар шимоли Африқо тавтеа карданд ва ба тавтеаҳояшон идома медиҳанд?”, - афзуд ӯ. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки ваҳдат ягона роҳи ҳаракат дар масири тамаддуни навини исломӣ аст, таъкид кард, истодагӣ барои озодии Фаластин аз масодиқи «нафйи сабил» аст ва миллатҳои исломӣ ҳамон гуна ки дар баробари истеъмор истоданд ва истиқлоли худро ба даст оварданд, бояд дар баробари ишғолгарӣ ва терроризм низ дар канори ҳам бошанд ва ин мафҳум айнӣ ваҳдат аст.

31-умин Конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ”, ки бо ҳузури 500 меҳмони хориҷию дохилӣ ва бо шиори «Ваҳдат ва илзомоти тамаддуни навини исломӣ» имрӯз дар Теҳрон оғоз ба кор кард, то ҳафтуми декабр идома хоҳад дошт.