Вазнабардории Эрон нахустинбор қаҳрамони ҷаҳон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26431-Вазнабардории_Эрон_нахустинбор_қаҳрамони_ҷаҳон_шуд
Тими вазнабардории Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони 2017 Амрико муваффақ шуд, дар бахши тимӣ мақоми қаҳрамонии ин мусобиқотро касб кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 06, 2017 16:55 Asia/Dushanbe
  • Вазнабардории Эрон нахустинбор қаҳрамони ҷаҳон шуд

Тими вазнабардории Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони 2017 Амрико муваффақ шуд, дар бахши тимӣ мақоми қаҳрамонии ин мусобиқотро касб кунад.

Тими вазнабардории Эрон дар ин мусобиқот, дар чаҳор вазн ва бо ҳашт вазнабардор ширкат карда буд ва панҷ медали тилло, се медали нуқра ва шаш медали биринҷӣ касб кард .

Пас аз ин қаҳрамонӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме аз тими миллии вазнабардории ҷумҳурии исломии Эрон, ташаккур карданд .

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳур ва Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳам дар паёмҳои ҷудогонае, қаҳрамонии тими миллии вазнабардории Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии 2017 Амрикоро ба миллати бузурги Эрон, табрик гуфтанд .

Рақобатҳои вазнабардории қаҳрамонии ҷаҳон аз 27 ноябр то панҷуми декабр дар шаҳри Анаҳейми Лос Анҷелес дар иёлоти Калифорнияи Амрико баргузор шуд .