Декабр 06, 2017 21:55 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи Рӯҳонӣ ва Эрдуғон дар бораи Қудс

Раисони ҷумҳурии исломии Эрону Туркия рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин таҳаввулоти Фаластин ба вижа тавтеаи ҷадиди Амрико барои эъломи Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин гуфтуги телефонӣ гуфт: Эрон муътақид аст, дар авзои кунунӣ ҳамаи кишварҳои исломӣ бояд муттаҳиду яксадо дар баробари ин тасмими нодуруст, ғайриқонунӣ, таҳрикомез ва бисёр хатарноки Амрико, иқдоме ҷиддӣ анҷом диҳанд .

Раисҷумҳури исломии Эрон таъкид кард, Қудси шариф, бахши ҷудоинопазири Фаластин аст ва масъулияти кишварҳои исломӣ ва мусулмонон дар қиболи Қудс дар ин замон, бисёр сангин аст .

Рӯҳонӣ бо ишора ба бетаваҷҷуҳии режими саҳюнистӣ ба ҳамаи қатъномаҳои Созмони милали муттаҳид ва мухолифаташ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ афзуд: Бетардид масъулияти ҳамаи бесуботиҳо ва ноамниҳо дар минтақа, мустақиман бар уҳдаи режими саҳюнистӣ аст .

Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, Қудси шарифро бахши ҷудоинопазири Фаластин донисту тасреҳ кард: Ҷасорати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои эъломи Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, ношӣ аз ихтилофоти дохилӣ дар ҷаҳони ислом аст .

Раисҷумҳури Туркия бо таъкид бар инки ин тасмими Трамп нақзи ҳуқуқи башару ҳамаи тасмимоти Созмони милали муттаҳид дар бораи Қудси шариф аст, аз тамомии кишварҳои исломӣ хост, яксадо дар баробари ин тавтеаи ҷадид истодагӣ кунанд .