Декабр 07, 2017 14:13 Asia/Dushanbe
  • Пизишки англис дар ҳарами разавӣ мусулмон шуд

Як пизишки ҷавони аҳли Англия ҳамзамон бо шаби мелоди Набии мукаррами Ислом (с) ва ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар ҳарами ҳазрати имом Ризо (а) дар Машҳади Эрон ба дини Ислом мушрраф шуд.

Сайидҷалоли Ҳусайнӣ муовини таблиғот ва иртибототи исломии Остони қудси разавӣ гуфт: Ин пизишк бо шинохти комил нисбат ба дини Ислом, мусулмон шуд ва номи Алиро барои худ баргузид.

Бар асоси омори мудирияти умури зоирони ғайрэронии Остони қудси разавӣ, аз ибтидоии имсол (21 марти 2017) то кунун 9 нафар шомили чаҳор мард ва панҷ зан дар ҳарами ҳазрати имом Ризо (а) ба дини Ислом мушарраф шудаанд.