Июл 18, 2016 11:09 Asia/Dushanbe
  • Биёбони Лути Эрон ҷаҳонӣ шуд

Биёбони Лути Эрон, ки аз гарму хушктарин манотиқи ҷаҳон аст, баунвони нахустин мероси табиии ҷумҳурии исломии Эрон дар созмони ЮНЕСКО ба сабти ҷаҳонӣ расид.

Кумитаи сабти мероси ҷаҳонии Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии милали муттаҳид ЮНЕСКО, биёбони Лут дар ҷануби шарқии Эронро дар феҳристи осори ҷаҳонӣ сабт кард.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, биёбони Лути Эрон баунвони нахустин мероси табиии ҷумҳурии исломии Эрон дар чиҳилумин Нишасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар Истанбули Туркия ба сабт расид.

Ҳафдаҳ нафар аз бисту як узви Кумитаи сабти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар ин нишаст дар дифоъ аз сабти биёбони Лут сухан гуфтанд.

Дашти Лути Эрон бо чиҳил ҳазор километри мураббаъ вусъат аз биёбонитарин ва гармтарин манотиқи ҷаҳон аст, ки маҷмуае аз баландтарин теппаҳои регии ҷаҳон, клутҳо ва кристалҳои намакӣ, равонаҳои оташфишонӣ ва рудхонаи зебои шӯрро дар худ ҷой додааст.

Биёбони Лут байни се устони Хуросони Ҷанубӣ, Кирмон ва Систону Балучистони Эрон воқеъ шуда ва аз панҷ ҳазор сол тамаддун бо танаввуи фарҳангии ғанӣ бархурдор аст.

Барчасп