Декабр 08, 2017 17:43 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Хотамӣ: Эрон бурди мушакҳои худро афзоиш медиҳад

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки дар дунёи имрӯз мустакбирони зиёде вуҷуд дорад, бинобар ин наметавон мусаллаҳ набуд, таъкид кард, Эрон то ҷое, ки битавонад, бурди мушакҳои худро афзоиш медиҳад, то хобро аз чашмони мақомоти Кохи Сафед бигирад.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки Эрон барои муқобила бо душманон бояд мусаллаҳ ва муқтадир бошад гуфт, муқтадир будани ҷумҳурии исломӣ бо муқтадир будани душманон мутафовит аст, зеро иқтидори онон барои таҷовузгарӣ аст, аммо иқтидори Эрон барои боздорандагист.  Оятуллоҳ Хотамӣ афзуд, Эрон дар арсаи фанноварии мушакӣ ба ҳаракати худ идома медиҳад, то агар рӯзе девонае ба исми режими саҳюнистӣ ҳаваси коре кунад, Телавив ва Ҳайфоро бо хок яксон кунад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо маҳкум кардани иқдоми Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар муаррифии Қудс ба унвони пойтахти режими сохтаи Исроил изҳор кард, ин иқдоми Трамп боиси эътирози на танҳо ҷаҳони Ислом, балки ҳампаймонони Амрико низ шудааст. Оятуллоҳ Хотамӣ бо баёни ин ки вокуниши мардуми ҷаҳон ба тасмими Трамп бисёр густурда будааст, гуфт, маҳкум кардани ин иттифоқ кофӣ нест ва бояд сафиронашонро фаро бихонанд ва сафоратҳои режими саҳюнистиро дар саросари ҷаҳон банданд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, иқдоми Трамп нишон дод, танҳо роҳҳали Фаластин интифоза аст ва ҳарчи бар режими саҳюнистӣ тохта ва бар он осеб ворид шавад, қадаме худописандона анҷом шудааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби чаҳоршанбе бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаию ҷаҳонӣ Қудсро ба унвони пойтахти режими Исроил муаррифӣ кард.