Намояндаи Эрон қаҳрамони куштии озоди Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон шуд
(last modified Sat, 09 Dec 2017 12:41:24 GMT )
Декабр 09, 2017 17:41 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон қаҳрамони куштии озоди Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон шуд

Тими “Изипойпи Кошон”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон бо касби пирӯзӣ баробари тими “Титан Меркурий”-и  Амрико, қаҳрамони чаҳорумин давраи рақобатҳои куштии озоди Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, намояндаи Эрон дар дидори ниҳоии ин рақобатҳо, ки асри ҷумъа дар маҷмааи варзишии “Озодӣ”-и Теҳрон баргузор шуд, муваффақ шуд, бо натиҷа 6 бар 4 ҳарифи амрикоии худро шикаст диҳад ва бар сакуи қаҳрамонӣ биистад.

Пеш аз ин дидор низ тими «Ситторагони Сорӣ» дигар намояндаи Эрон, тавонист бо ғалаба бар тими «Химоури»-и Муғулистон бар сакуи сеюми рақобатҳои Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон қарор гирад.

Чаҳорумин давраи рақобатҳои куштии озоди Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон, аз рӯзи панҷшанбе бо ҳузури 10 тими хориҷӣ ва се тими аз Эрон, дар толори 12 ҳазор нафарии маҷмааи варзишии Озодии Теҳрон оғоз шуда буд.