Декабр 09, 2017 20:25 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Агар иқдомҳои Эрон набуд, ДИИШ ба ҳамсоягии Аврупо расида буд

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъкид кард, агар сиёсатҳо ва иқдомҳои амалии Теҳрон ба баҳои тақдими садҳо шаҳид набуд, имрӯз ДИИШ ҳукумати Ироқ ва Сурияро дар даст дошт ва ба ҳамсоягии Аврупо расида буд.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон асри шанбе дар дидори Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷаи Англия дар Теҳрон, бо интиқод аз мавозеи бепояи бархе кишварҳо алайҳи сиёсатҳои минтақаии Эрон, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқобила бо терроризм ҷиддӣ аст.

Шамхонӣ бо ишора ба тасмими Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими ҷаълии Исроил, афзуд, Фаластин кишвари якпорча бо пойтахти воҳиде буда ва тасмими ҷадиди Амрико, мӯҷиби инсиҷоми бештари мусулмонон барои муқобила бо режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ва иҳқоқи ҳуқуқи мардуми мазлуми Фаластин хоҳад шуд.

Алии Шамхонӣ ҳамчунин бо интиқод аз равияи давлати Англия дар фурӯши силоҳ ва таҷҳизоти амниятӣ ба кишварҳои ноқизи ҳуқуқи башар, монанди Арабистон ва Баҳрайн хотирнишон кард, дар ҳоле, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ, муҳосира ва бомбаборони мардуми Яманро маҳкум кардаанд, қатъан шарикони ин ҷиноят низ дар додгоҳи афкори умумии байналмилалӣ маҳкум ва ноқизи ҳуқуқи башар муаррифӣ хоҳанд шуд.

Шамхонӣ, рафтори Амрико дар қиболи БАРҶОМ-ро низ фоҷиае тамомаёр унвон кард ва гуфт, идомаи ин рӯйкард зимни беэътибории сиёсии Амрико, мӯҷиби зери савол рафтани тавофуқҳои байналмилалӣ мешавад.

Борис Ҷонсон низ дар ин дидор бо таъкид бар мухолифати Лондон бо тасмими Амрико дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти Исроил изҳор кард, Англия тасмиме барои интиқоли сафорати худ ба Қудс надорад.

Ҷонсон ҳамчунин бар зарурати ҳал ва рафъи мушкилоту мониаҳое, ки дар масири иҷрои комили тааҳҳудоти БАРҶОМ вуҷуд дорад, таъкид кард.