Декабр 11, 2017 19:34 Asia/Dushanbe
  • Эрон қаҳрамони рақобатҳои Кунг Фуи Ту Айи Осиё

Тимҳои мардону занони Кунг Фуи Ту Айи Эрон дар поёни дуввумин давраи Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Машҳад (шимоли шарқи Эрон), мақоми нахустро касб карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Ирно, дар бахши мардони рақобатҳои Кунг Фуи Ту Айи Осиё, ки бо ҳузури 100 варзишкор баргузор шуд, тими Эрон ба мақоми қаҳрамонӣ расид ва тимҳои Афғонистону Узбакистон низ ба мақомҳои дуввуму сеюм даст ёфтанд .

Тими бонувони Эрон низ дар рақобат бо ҳарифоне аз 17 кишвар, унвони қаҳрамониро аз они худ кард .

Рақобатҳои Кунг Фуи Ту Айи қаҳрамонии Осиё дар радаи синнии бузургсолон ва дар ду бахши мардону бонувон аз 17 кишвар дар Машҳад баргузор шуд .