Тадвини сенарияҳои Эрон барои муқобила бо бадаҳдиҳои Амрико дар БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26783-Тадвини_сенарияҳои_Эрон_барои_муқобила_бо_бадаҳдиҳои_Амрико_дар_БАРҶОМ
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, аз тадвини сенарияҳои муқобила бо бадаҳдиҳои Амрико дар қиболи тавофуқи ҳастаӣ, дар ҳайати эронии назорат бар Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 13, 2017 10:39 Asia/Dushanbe
  • Тадвини сенарияҳои Эрон барои муқобила бо бадаҳдиҳои Амрико дар БАРҶОМ

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, аз тадвини сенарияҳои муқобила бо бадаҳдиҳои Амрико дар қиболи тавофуқи ҳастаӣ, дар ҳайати эронии назорат бар Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) хабар дод.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва симо, бо ишора ба поёни мӯҳлати баррасиҳои «БАРҶОМ» дар Конгресси Амрико, таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон барои муқобила бо ҳар вазъияте дар қиболи амалӣ нашудани тааҳҳудҳои Амрико, дар БАРҶОМ ва идомаи коршиканӣ ва бадаҳдиҳои Вашингтон дар ин замина, омодагии комил дорад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, наҳваи раванди баррасии БАРҶОМ дар Конгресси Амрикоро аз масоили дохилии ин кишвар донист ва афзуд, ончи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар кишварҳои ҷаҳон ва бавижа дигар шарикони ҳозир дар музокироти ҳастаӣ аз Амрико интизор доранд, иҷрои тааҳҳудҳои ин кишвар дар чорчӯби тавофуқи ҳастаӣ аст.

Раисиҷумҳури Амрико 23 октябри 2017 аз таъйиди пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ, худдорӣ кард ва ин корро ба Конгресси Амрико вогузар кард. Мӯҳлати думоҳаи Конгресс дар бораи эҳтимоли эъмол шудан ё нашудани таҳримҳои таълиқшудаи Эрон дар чорчӯб БАРҶОМ аз сӯи Амрико рӯзи гузашта (сешанбе) поён ёфт.

Рекс  Тииллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико, рӯзи сешанбе бори дигар муддаӣ шуд, БАРҶОМ эродоте дорад, ки бояд бартараф шаванд ва кишвараш дар ҳоли ройзанӣ бо муттаҳидони худ барои иҷрои комили тавофуқ ҳастаӣ бо Эрон аст.