Август 20, 2016 17:09 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар олимпиадаи ҷаҳонии компютер ҷойи сеюмро гирифт

Тими миллии олимпиадаи компютери донишомӯзии Эрон дар 28-умин давраи олимпиадаи ҷаҳонии компютер, мақоми сеюмро касб кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Ҷумҳурии исломии Эрон бо касби ду нишони тилло ва ду нуқра, мақоми сеюми 28-умин давраи олимпиадаи ҷаҳонии компютерро дар Русия ба даст овард.

Дар ин рақобати байналмилалӣ, Алии Беҳҷатӣ ва Ораши Маҳмудиёни Бедгул, тилло гирифтанд ва Амирмуҳаммади Деҳқон  ва Саидпорсо Миртоҳирӣ низ нишони нуқраро касб карданд.

Дар 28-умин давраи олимпиадаи ҷаҳонии компютер тимҳои Амрико ва Чин мақомҳои аввал ва дувумро касб карданд.

Ин давра аз мусобиқот бо ширкати 81 кишвар ва ба мизбонии Русия баргузор шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон соли оянда, мизбони 29-умин давраи олимпиадаи ҷаҳонии компютер хоҳад буд.

 

Барчасп