Рӯнамоӣ аз китоби «Вожагони форсӣ дар забони боснияӣ»
Маросими рӯнамоӣ аз китоби «Вожагони форсӣ дар забони боснияӣ» рӯзи чаҳоршанбе ба ҳиммати Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муассисаи забоншиноси донишгоҳи шаҳри Сараево баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, дар оғози ин маросим, мудири муассисаи забоншиноси донишгоҳи Сараево аз мусоидатҳои ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои чопи китоби «Вожагони форсӣ дар забони боснияӣ» қадрдонӣ кард ва гуфт, иштирокоти забонӣ ва фарҳангии миёни Эрон ва Босния ва Ҳерзоговина собиқаи бисёр тулонӣ дорад, ки ин китоб далеле муҳкам бар ин иддао аст.
Алиасғари Омирӣ ройзани фарҳангии Эрон дар Босния ва Ҳерзоговина низ дар ин маросим гуфт: Вуруди забони форсӣ ба Босния ва Ҳерзоговина тавонист таъсири фаровоне бар мардуми минтақаи Балкан, ба вежа шоирон ва нависандагони боснияӣ бигузорад, то онҷо ки наздик ба 400 нафар аз нависандагон ва шоирони боснияӣ ба забони форсӣ шеър ва ё матни адабӣ навиштаанд, ки номи бархе аз онон ҳамчун Фавзӣ Мусторӣ, Дарвешпошо Боязидогич, Аҳмад Судӣ ва дигарон дар муқаддимаи китоб омадааст.
Омирӣ китоби «Вожагони форсӣ дар забони боснияӣ»-ро сабаби ошноии бештари аҳолии ҳунар ва адаби Босния бо фарҳанг ва забони форсӣ донист ва гуфт: Забони форсӣ ба унвони як забони зинда ва пӯё дар паҳнаи васее аз ҷаҳон, аз Ҳинд то марзҳои шарқии Чин, Осиёи Марказӣ ва Анотолии Туркия дар давраҳои мухталиф, забони аҳли қалам ва завқ будааст.
Китоби «Вожагони форсӣ дар забони боснияӣ» навиштаи муштараки Ҷенито Ҳоурич ва Омело Шаҳович аст.
Ба навиштаи ин китоб, ҳазору 800 вожаи форсӣ ба забони боснияӣ ворид шудааст.