Декабр 14, 2017 15:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории роҳбурдии Эрону Русия дар бахши энержӣ

Ширкати миллии нафти ҷумҳурии исломии Эрон ва Газпроми Русия бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои роҳбурдӣ ду тафоҳумнома дар Теҳрон имзо карданд.

Алии Кордар, мудиромили Ширкати миллии нафти Эрон ва Алексей Миллер, мудиромили ширкати Газпроми Русия рӯзи чаҳоршанбе, тафоҳумномаҳ‎оеро бо мавзуи  “Нақшаи роҳи ҳамкории газӣ” имзо карданд.

Кордар ва Миллер ҳамчунин тафоҳумномае барои мутолиаи сохту амалиётӣ кардани тарҳ “Эрон Эл Эн Ҷи” имзо карданд.

Алексей Миллер пас аз имзои ду тафоҳумнома бо Ширкати миллии нафти Эрон ба хабарнигорон гуфт: “Имрӯз гоми муҳиме дар масири ҳамкории газӣ бо Эрон бардошта шудааст”.

Ҳамкории ҷумҳурии исломии Эрону Русия ба тартиб ба унвони нахустину дуввумин дорандагони газии ҷаҳон дар бозори ҷаҳонӣ таъинкунанда ва роҳбурдӣ аст.

Теҳрону Маскав ба унвони ду бозигари муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ нақши муҳиме дар рафъи ниёзҳои якдигар доранд ва мукаммили якдигаранд.

Эрону Русия, дар ҳавзаҳои мухталиф, зарфиятҳои хубе барои ҳамкорӣ доранд ва муносиботи энержӣ, ба символи ҳамкориҳои ду кишвар табдил шудааст.

Нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр, намоди ҳамкориҳои созандаи Эрону Русия аст ва имрӯз абъоди ин навъи ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои дигари энержӣ аз ҷумла нафту газ ҳам тасаррӣ ёфтааст.

Дар ҳамин чорчуб, Амирҳусайни Замониниё, муовини умури байналмилали вазири нафти Эрон гуфт: “Эрону Русия тавофуқ карданд, дар бахши энержӣ ҳамкориҳои роҳбурдӣ дошта бошанд, ки шомили ҳавзаҳои мухталиф аз тавсеаи маёдини нафтӣ ва газии Эрон то ҳамкорӣ дар заминаи таҳқиқот хоҳад буд”.

Эрон ба сабаби доштани захоири азим ва мавқеияти роҳбурдии худ, мустаидтарин кишвари минтақа барои содироти газ ба Аврупост.

Бар асоси мутолиоти анҷомшуда, ҳаҷми содироти билқувваи манобеи арза ба Аврупо дар мақтаи замонии соли 2020 мушаххас шудааст.

Дар ин сол Эрон метавонад ҳудуди 30 миллиард метри мукааб аз тақозои гази табиии Иттиҳодияи Аврупоро посухгу бошад.

Ин муҳим беш аз пеш ҳамкориҳои Ширкати миллии гази Эрону Газпроми Русия, ки ҳамакнун нақши муҳиме дар таъмини гази Аврупо дорад, дучандон мекунад.

Имзои тафоҳумномаи роҳбурдии “Нақшаи роҳи ҳамкории газӣ” байни Ширкати миллии гази Эрон ва Ширкати Газпроми Русия дар ҳамин чорчуб қобили арзёбӣ аст .

 

Барчасп