Омӯзиши забони форсӣ дар сойти радиои тоҷикии “Садои Хуросон” (файли савтӣ)
Омӯзиши забони форсӣ бар мабнои забони меъёр дар сойт радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба зуддӣ ироа мешавад.
Ин омӯзиш бо ҳамкории аъзои ҳайати илмии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва бо ҳадафи ошноии мухотибон бо вожагон ва мафоҳими меъёри забони форсӣ дар сойти радиои тоҷикӣ, ироа мешавад.
Узви аршади Маркази байналмилалии забони форсии Донишгоҳи Фирдавсӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори радиои тоҷикии “Садои Хуросон”, тафоҳум, идрок ва фаҳми фарҳангӣ дар ҳалли мушкилоти ду кишвари Эрон ва Тоҷикистонро бисёр муассир донист ва гуфт, дар дунёи имрӯз ин тафоҳум аз тариқи забони муштарак даст ёфтанӣ аст.
Доктор Саидаббоси Ноҷӣ бо ёдоварии инки мардуми Хуросони бузург дар гузашта, марзе байни худ надоштанд ва ба забони форсии миёна такаллум мекарданд, афзуд, гӯишҳои тоҷикӣ, эронӣ ва дарӣ дар гузари замон шакл гирифтааст ва бояд аз ин иштироки фарҳангӣ дар густариши равобит байни кишварҳои форсизабон баҳра ҷӯст, барои тавсеа ва густараши забони форсӣ талош кард.
Ин устоди донишгоҳ, гӯиши форсии тоҷикиро бисёр холис ва дастнахӯрда хонд ва бар зарурати ҳифзи вожагон ва истилоҳоти бозмонда аз ниёгон таъкид кард.
Изҳороти доктор Ноҷӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигорамонро мешунавед.