Эрон алайҳи Амрико ба СММ шикоят мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26981-Эрон_алайҳи_Амрико_ба_СММ_шикоят_мекунад
Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон иддаои Никки Ҳейлӣ, намояндаи доими Амрико дар Созмони Милал бино бар таҳвили таслиҳот аз сӯи Эрон ба Ҷунбиши “Ансоруллоҳ”-и Яманро ба Созмони Милали Муттаҳид, ирҷоъ хоҳад дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 17, 2017 13:52 Asia/Dushanbe
  • Эрон алайҳи Амрико ба СММ шикоят мекунад

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон иддаои Никки Ҳейлӣ, намояндаи доими Амрико дар Созмони Милал бино бар таҳвили таслиҳот аз сӯи Эрон ба Ҷунбиши “Ансоруллоҳ”-и Яманро ба Созмони Милали Муттаҳид, ирҷоъ хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар паёме (аз тариқи емейл) ба хабаргузории русии “Спутник”, навишт, Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи иддаои матраҳ шуда аз сӯи Амрико ба СММ шикоят мекунад.

Никки Ҳейлӣ рӯзи панҷшанбе бо ҳузур дар баробари оҳанпорҳҳое, ки иддао мекард, лошаи мушакҳои эронӣ аст, намоиши таблиғотии ҷадиде алайҳи Эрон ба по кард.

Никки Ҳейлӣ бидуни ишора ба ҳимоятҳои таслиҳотии бедареғи Вашингтон аз Арабистон барои бомбаборони мардуми мазлуми Яман, Эронро ба таҷҳизи Ҷунбиши “Ансоруллоҳ”-и Яман барои ҳамлаи мушакӣ ба Риёз муттаҳам кард.

Фараҳон Ҳаққ, муовини сухангӯи Созмони Милал ин иддаои Ҳейлиро рад кард.

Арабистон бо ҳимояти Амрико аз марти 2015, иқдом ба таҷовуз низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман ба кушта ва захмӣ шудан даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ҳамвора иддао мекунад, Эрон силоҳ ва мушак дар ихтиёри неруҳои мардумии Яман қарор медиҳад ва бо ин кор ба истилоҳ дар масири ҳалли буҳрони Яман, монеатарошӣ мекунад.

Аммо мақомҳои яманӣ борҳо таъкид кардаанд, қудрати дифоии артиши ин кишвар комилан бумӣ ва бо вуҷуди муҳосираи ҳамаҷонибаи Яман тавассути режими Саудӣ, рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст.