Декабр 17, 2017 14:31 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди роҳбурдитарин модаи санъати нафт пас аз садсол дар Эрон

Нухбагони ҷавони эронӣ муваффақ шуданд, пас аз чаҳор сол таҳқиқ ва озмоиш, роҳбурдитарин модаи мавриди ниёзи полоишгоҳҳоро дар санъати 100 солаи нафти Эрон, тавлид кунанд.

Мудиромили Ширкати густариши Котолисти эрониён гуфт, "Котолист гидрокрекинга", ки аз он ба унвони қалби полоишгоҳҳои нафт ном бурда мешавад, токунун аз хориҷ аз кишвар вориди мешуд ва бештар дар инҳисори Амрико буд.

Ризо Насруллоҳзода, афзуд, Амрико аввалин ва муҳиммтарин тавлидкунандаи ин навъи котолист дар ҷаҳон аст, ки дар бархе кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Нидерланд, Олмон ва Дания ширкатҳое роҳандозӣ кардааст.

Ӯ идома дод, дар чанд соли ахир Русия ва Чин низ ба маҷмӯъ тавлидкунандагони ин модаи роҳбурдӣ пайвастаанд, аммо аз баъд кайфият дар сатҳ маҳсул ғарби нест.

Насруллоҳзода бо баёни инки барои таъмини ниёзи полоишгоҳҳои Эрон дар гузашта ин мода аз Ғарб ворид мешуд, афзуд, дар яке ду даҳаи ахир бавижа дар ҳангоми таҳримҳо ва ҳамчунин ҳамакнун аз маводи сохти Чин дар реакторҳои полоишгоҳҳои нафт истифода мешавад.

Вай бо ишора ба талоши 60 нухбаи ҷавони эронӣ дар муддати чаҳор сол барои қатъи воридоти ин маҳсули роҳбурдӣ ва бениёзии Эрон ба хориҷ, гуфт, мӯътабартарин мароҷеи озмоишгоҳӣ ва илмии муртабит пас аз 9 моҳ озмоиши мухталиф, саранҷом ин маҳсули сохти дохилро таъйид кард.

Натоиҷи озмоишҳо нишон медиҳад, котолисти тавлиди дар Эрон аз мушобеҳи аврупоӣ ва амрикоӣ, кайфияти болотаре дорад.