Эрон ҳамлаи террористӣ дар Кветтаи Покистонро маҳкум кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i27039-Эрон_ҳамлаи_террористӣ_дар_Кветтаи_Покистонро_маҳкум_кард
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамлаи террористӣ ба клисое дар шаҳри Кветтаи Покистонро маҳкум кард ва онро иқдоме бераҳмона ва кӯр зидди инсонҳои бегуноҳ донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 18, 2017 12:03 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаи террористӣ дар Кветтаи Покистонро маҳкум кард

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамлаи террористӣ ба клисое дар шаҳри Кветтаи Покистонро маҳкум кард ва онро иқдоме бераҳмона ва кӯр зидди инсонҳои бегуноҳ донист.

Дар ҳамлаи рӯзи якшанбеи чаҳор террорист ба клисо дар шаҳри Кветта- маркази иёлати Балучистони Покистон, 9 нафар кушта ва 50 нафари дигар захмӣ шуданд. Гурӯҳи террористии ДИИШ, масъулият ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт.

Ба гузориши ИСНА, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе гуфт, бақоёи террористҳои ДИИШ бо ҳамалоти кӯр ба думболи тадовуми ошӯб ва ноамнӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳастанд.

Баҳроми Қосимӣ зимни тасалият ба миллат ва давлати Покистон ва ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи қурбониёни ин ҳодиса, гуфт, бақоёи террористҳои такфирӣ – саҳюнистии ДИИШ баъд аз шикасташон дар Сурия ва Ироқ,  мекушанд аз тариқи ҳамалоти террористии кӯр, беҳадаф ва пароканда, дар миёни миллатҳо тарсу ҳарос эҷод ва иродаву ваҳдати онҳоро тазъиф кунанд.