Декабр 19, 2017 12:53 Asia/Dushanbe
  • Эрон иқдоми Амрико дар ветои қатъномаи Қудсро маҳкум кард

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон иқдоми Амрико дар ветои қатъномаи пешниҳодии Миср дар бораи Қудсро маҳкум кард.

Баҳроми Қосимӣ ин иқдоми Амрикоро хилофи сулҳу амнияти байналмилал ва дар ростои поймол кардани ҳуқуқи миллати Фаластин баршумурду тасреҳ кард, Амрико бо ветои ин қатънома собит кард, ба дунболи роҳҳалли созишкорона ва аз тариқи поймол кардани ҳуқуқи машруи фаластиниён аст .

Қосимӣ бо таъкиди дубора бар инки иқдоми Амрико дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, нақзи ошкори қатъномаҳои байналмилалӣ аст, аз маҷомеи байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон хост, барои ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ, монеи иҷро шудани ин иқдоми хасмонаи Амрико шаванд .

Амрико душанбе шаб бо вуҷуди раъйи мусбати 14 узви Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ба қатъномаи пешниҳодии Миср дар бораи Қудс, ин қатъномаро вето кард .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шашуми декабр бо вуҷуди мухолифатҳои густардаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард: Вашингтон, Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият мешиносад .