Раҳбари муаззами инқилоб: Масъулон имконоти густурдаро дар хидмати даъват ба намоз бигузоранд
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба бистушашумин Иҷлоси саросарии намоз, бар лузуми бакоргирии ҳама имконот барои даъват ба намоз таъкид карданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (панҷшанбе) дар ин паём даъват ба намозро даъват ба зеботарин ҷилваҳои зиндагӣ донистанд ва афзуданд: “Намоз фасле аз зиндагӣ аст, ки дар он инсон дар баробари офаринанда ва дорандаи ҳамаи некиҳо ва зебоиҳо, ба арзи ниёзе ошиқона мепардозад ва бар иёр (асл)-и зебоӣ ва некии равон ва дили хеш меафзояд”.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ забони муассири тавсия ба зикру намоз дар Қуръон ва ҳадисро нишонаи ҳамин вижагӣ дар даъват ба намоз донистанд ва таъкид карданд: “Бандагони солеҳ ва некӯкори Худованд бояд инро дарсе барои худ бидонанд ва ба намоз даъват кунанд”.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд, масъулони муъмин дар низоми исломӣ бояд имконоти густурдаи худро дар хидмати ин даъват бигузоранд ва рӯҳонӣ, муаллим, мураббӣ, мудир ва масъул дар ҳама ҷо мухотабон ва доираи нуфузи худро ба ин сӯ бикашонанд ва аз онон даъваткунанда ба Худо ва намоз бисозанд.
Бистушашумин Иҷлоси саросарии намоз бо унвони намоз ва фазои маҷозӣ имрӯз (панҷшанбе) бо ҳузури масъулон, шахсиятҳои фарҳангӣ ва уламои шиа ва аҳли суннат дар Бандари Аббос, ҷануби Эрон оғоз шуд.