Август 21, 2016 13:20 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳимояти дубораи Эрон аз муборизаи давлат ва миллати Ироқ бо терроризм

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ваҳдати ҳамаи ақвом ва мазоҳиби ироқӣ, терроризмро дар Ироқ решакан мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар дидори Салим Ҷабурӣ, раиси Маҷлиси Ироқ, дар Теҳрон гуфт, Эрон то поёни мубориза бо терроризм дар канори Ироқ боқӣ хоҳад монад, аммо бархе кишварҳои минтақа таҳти таъсири авомили мухталиф аз ҷумла саҳюнистҳо, роҳи ғалатеро дунбол мекунанд.

Рӯҳонӣ бо ибрози хурсандӣ аз пирӯзиҳои ахири артиш ва мардуми Ироқ дар мубориза бо терроризм, таъкид кард, порлумони Ироқ бо иттиҳод ва нақшофаринии якпорча дар арсаи мубориза бо терроризм, метавонад ваҳдати милли ин кишварро тақвият ва тазмин кунад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин густариши ҳамкориҳои Эрон ва Ироқ бавижа дар ҳавзаи иқтисодиро дорои аҳамият донист.

Ҷабурӣ низ дар ин дидор гуфт, Эрон ва Ироқ бояд бо густариши ҳамкориҳои муштарак на танҳо барои эҷоди сулҳу амният дар Ироқ, балкӣ барои тақвияти субот дар минтақа талош кунанд.

Вай бо ироаи гузорише аз пирӯзиҳои ахири кишвараш дар мубориза бо терроризм афзуд, бетарид ин пирӯзиҳо бо ваҳдат ва иттиҳоди ҳамаи мардуми Ироқ ба даст омад.