Декабр 23, 2017 13:33 Asia/Dushanbe
  • Эрон қаҳрамони рақобатҳои гуштии паҳлавонии Осиё шуд

Тими куштии паҳлавонии Эрон дар шашумин давраи мусобиқоти зӯрхонаӣ ва гуштии паҳлавонии қаҳрамонии Осиё барои шашумин бор мақоми нахусти ин рақобатҳоро аз они худ кард.

Намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин мусобиқот, ки дар шаҳри Танавани Филиппин баргузор шуд, медали тиллои моддаи тимии зӯрхонаиро касб карданд.

Тими Эрон ҳамчунин аз шаш моддаи ҳунарҳои фардии гуштии паҳлавонӣ, панҷ медали тилло ва як нуқра касб кард.

Дар ин рақобатҳо пас аз тими Эрон тими Ироқ ноиби қаҳрамон ва тимҳои Непал ва Филиппин ба мақоми муштараки севум расиданд.

Гуштии паҳлавонӣ яке аз равишҳои гуштӣ гирифтан аст, ки решаи он ба Эрони бостон бармегардад.

Дар гуштии паҳлавонӣ гуштигирон ҳақ доранд шалвор ё камарбанди ҳарифро барои иҷрои фан дар ихтиёр бигиранд ва фунуни махсуси гуштии паҳлавониро иҷро кунанд.

Гуштии паҳлавонӣ аз сӯйи Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ба унвони яке аз варзишҳои қадимии ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст.