Август 21, 2016 15:10 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Пирӯзии ахлоқии миллати Эрон аз муваффақиятҳои бузурги БАРҶОМ буд

Раиси Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, пирӯзии ахлоқии миллати Эронро аз муваффақиятҳои бузург дар тавофуқи ҳастаӣ донист.

Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз (якшанбе), дар маросими гиромидошти Рӯзи миллии саноати дифоӣ дар Теҳрон, гуфт, БАРҶОМ (Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак дар тавофуқи ҳастаӣ) кори бузурге буд, ки бисёре аз нерӯҳо ва коргузорони низоми Ҷумҳурии исломӣ дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла дар Вазорати дифо дар он нақш ва таъсир доштанд.

Рӯҳонӣ афзуд, кишварҳои ғарбӣ солҳо Эронро муттаҳам мекарданд ба таври махфиёна дар пайи сохти силоҳҳои куштори ҷамъӣ аст, аммо дар моҷарои шимиёӣ ва пайвастани Эрон ба Конвенсияи шимиёӣ ва бозрасиҳое, ки он замон аз Эрон анҷом гирифт, собит шуд, душманон тӯҳматҳои нораво ба Эрон мезанад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки ҳалли масъалаи P.M.D (абъоди низомии эҳтимолии барномаи ҳастаи Эрон) низ бори бузурге бар дӯши Вазорати дифои Эрон ва мутахассисони он буд, афзуд, ин ки Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ эълом кард, гузаштаи парвандаи ҳастаии Эрон баста шудааст, пирӯзии ҳуқуқӣ, фаннӣ ва ахлоқии Эрон буд ва собит кард бадхоҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон дурӯғ мегуфтанд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҷаҳониён собит кард агар фатвои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ин аст, ки сохти силоҳи ҳастаӣ, анбори силоҳи ҳастаӣ ва ба коргирии он номашрӯъ аст, давлат ва низом ба ин фатво амал кард.