Оғози табодули фарҳангии радиоҳои бурунмарзии Хуросони Разавӣ бо Остони Қудси Разавӣ
Бо ҳадафи тақвияти мушорикат дар тавлидоти расонаӣ ва баҳрамандии Остони Қудси Разавӣ аз радиоҳои бурунмарзии садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон дар Хуросони Разавӣ, равобити фарҳангии фимобайн тақвият ва густариш меёбад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон, Ҷаъфарӣ, муовини манотиқу намояндагиҳои хориҷ аз кишвари Остони Қудси Разавӣ бо эъломи ин хабар дар ҷаласаи ҳамандешии мудирони радиоҳои тоҷикӣ, дарӣ ва узбакӣ бо масъулони умури байналмилали Остони Қудси Разавӣ гуфт, ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ганҷи пинҳонест, ки вазифаи ғуборзудоӣ аз он бар уҳдаи мост .
Дар идома Фарзодӣ, мудири радиои тоҷикии Садои Хуросон бо ишора ба тавонмандии болои радиоҳои бурунмарзӣ ба вижа радиои тоҷикӣ дар тарвиҷи исломи ноби Муҳаммадӣ (с) ва фарҳанги Разавӣ гуфт, аз онҷое, ки расонаи миллии ҷумҳурии исломии Эрон, трибуни низоми исломӣ дар ин кишвар аст, вазифаи радиои тоҷикии Садои Хуросон дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар, ин аст, ки рисолати худро дар тарвиҷи ормонҳои ҳақиқии ислом ба вижа дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ба беҳтарин наҳв анҷом диҳад ва лозимаи ин амр, мушорикати фаъол бо Остони Қудси Разавӣ дар Машҳади муқаддас аст .
Вай ҳамчунин бар заминасозии ҷазби донишҷӯи хориҷӣ дар ҳавзаҳои гардишгарии саломат ва тарвиҷу таблиғи ин мавзуъ аз тариқи радио ва вебсайти хабарии радиои тоҷикии Садои Хуросон таъкид кард .
Дар идомаи ин ҷаласа, Хайрободӣ ва Зиёратӣ, мудирони радиоҳои дарӣ ва узбакии садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон низ дар ин ҷаласа зимни ироаи гузориши амалкарди маҷмуаи таҳти мудирияти худ бар тақвияти равобити дуҷониба таъкид карданд .
Ёдовар мешавад, аз апрели соли равон, маркази умури байналмилал ва намояндагиҳои хориҷ аз кишвари Остони Қудси Разавӣ таъсис ва фаъолияти худро оғоз кардааст .