Декабр 26, 2017 21:14 Asia/Dushanbe
  • Фархундазодрӯзи Имом Ҳасани Аскарӣ муборак бод!

Чаҳоршанбе, ҳаштуми рабеуссонии соли 1439 (ҳиҷрии қамарӣ), баробар бо 27-уми декабри соли 2017 солрӯзи милоди Имом Ҳасани Аскарӣ (а), яке аз наберагони гиромии Паёмбари Ислом (с) аст.

Ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ҳаштуми рабеуссонии соли 232-и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушуданд. Эшон муфассири беназири Қуръони маҷид буданд ва дар тӯли имомати хеш шеваи саҳеҳи тафсири ин китоби осмониро барои мардум муаррифӣ карданд. Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар давраи кӯдакӣ аз сарчашмаи дониши падари худ, Имоми Ҳодӣ (а) баҳраманд шуданд ва дар 22-солагӣ, пас аз шаҳодати падари бузургворашон рисолати сангини имоматро ба муддати шаш сол, то ба шаҳодат расидан бар уҳда гирифтанд.

Даврони зиндагии Имом Ҳасани Аскарӣ (а) бо ҳукумати хулафои Аббосӣ ҳамчун муътазӣ, муҳтадӣ ва муътамид ҳамзамон буд ва бо вуҷуди маҳдудиятҳо ва фазои тарсу ваҳшатомез эшон ба вазифаи худ, яъне роҳнамоии мусалмонон амал мекарданд.

Радиои “Садои Хуросон” милоди босаодати ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ (а)-ро ба ҳама мусалмонони ҷаҳон табрику таҳният мегӯяд.