Баргузории маросими бузургдошти “Ҳамосаи нуҳуми дай” дар саросари Эрон
Маросими бузургдошти “Ҳамосаи нуҳуми дай” дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.
Миллати бузург ва огоҳи Эрон имрӯз бори дигар дар солгарди ҳамосаи мондагор, таърихӣ ва таърихсози нуҳуми дайи соли 1388, “Рӯзи басират ва таҷдиди мисоқи уммат бо вилоят”, бо ҳузури пуршӯр ва густурдаи худ бори дигар бо ормонҳои волои инқилоби исломӣ таҷдиди мисоқ карданд.
Маросими бузургдошти ҳамосаи 9-уми дай дар мусаллои Имом Хумайнӣ (раҳ)-и Теҳрон ва дар меодгоҳҳо ва мусаллоҳои саросари кишвар, майдонҳои аслии марокизи устонҳо ва шаҳристонҳо, бо ҳузури пуршӯри ақшори мардум баргузор шуд.
Ширкаткунандагон дар ин маросим бо судури қатъномае омодагии комили худро барои муқобилаи босалобат дар баробари фитнаҳои ҷадиди истикбори саҳюнистӣ алайҳи низоми муқаддаси исломӣ эълом карданд.
Нуҳуми дайи соли 1388 (30-юми декабри соли 2009) ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи бароат аз сохторшиканони ҷомеа ва посухе қотеъ ба афроди фитнагаре буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, масири бероҳаро дар пеш гирифта буданд.
Рӯзи нуҳуми даймоҳ дар таърихи инқилоби исломӣ ба унвони Рӯзи Басират мондагор шуд.