Декабр 30, 2017 17:57 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Мардуми Эрон ба шиорҳои риёкоронаи мақомҳои амрикоӣ аҳамият намедиҳанд

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти мудохилаҷӯёнаи мақомоти амрикоӣ дар умури дохилии Эрон, таъкид кард, мардуми Эрон ба шиорҳои фурсатталбона ва риёкоронаи мақомҳои Амрико аҳамият намедиҳанд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ки ин рӯзҳо ба шиддат аз расонаҳои ин кишвар ба иллати эътироз ба сиёсатҳояш интиқод мекунад, дар паёми “Твиттер”-ӣ эҳтироми давлати Эрон ба ҳуқуқи мардумро хостор шуд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани изҳороти сахиф, беарзиш ва фоқиди эътибори мақомҳои амрикоӣ гуфт, мардуми Эрон қатъан мушорикати фаъоли Трамп дар нақзи ҳуқуқи башари мардум Фаластин, Яман ва Баҳрайн, маҳдудиятҳои эъмолӣ ва хусуматҳои кинатӯзонаи раисиҷумҳури Амрико бо мардуми фарҳехтаи Эрон дар мумониат аз вуруди онон ба хоки Амрико ва боздошти теъдоде зиёде аз эрониёни муқим дар он кишвар ба баҳонаҳои воҳиро ба ёд доранд.

Қосимӣ афзуд, мардуми Эрон ҳимояти фурсатталабона ва фиребкоронаи мақомҳои Амрико аз бархе таҷаммуот дар рӯзҳои ахир дар бархе шаҳрҳои Эронро, чизе ҷуз найранг ва риёкории давлати Амрико намедонанд.

Вай бо баёни ин ки мардуми Эрон бузургтарин паштивонаи амният ва пешрафти кишвар ҳастанд тасреҳ кард, мушорикати мардуми Эрон дар интихобот барои таъйини сарнавишташон ва ҳузури фаъоли ҳамаи миллат дар назорат ва нақди дастгоҳҳои идораи кишвари, зомини шукуфоӣ ва болндагии кишвар ва инқилоби исломӣ аст.

Қосимӣ хотирнишон кард, Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон сохторҳои демократиро барои ҳимояти қонунӣ аз хостаҳои мадании мардуми пешбинӣ карда ва имкони пайгирии ин хостаҳо дар чорчӯби қонун, комилан имконпазир аст.

 

Барчасп