Сиёсати мудохила дар умури дохилии Эрон дар дастури кори Кохи Сафед
(last modified Sun, 31 Dec 2017 12:19:22 GMT )
Декабр 31, 2017 17:19 Asia/Dushanbe
  • Сиёсати мудохила дар умури дохилии Эрон дар дастури кори Кохи Сафед

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бори дигар дар мудохилаи ошкоре дар умури минтақа ба истиқболи бархе ошуфтагиҳо дар дохили Эрон рафтааст.

Трамп дар паёми твиттерие баёнияи Кохи Сафедро мунташир кард ва навишт: «Гузоришҳои зиёде аз тазоҳуротҳои мусолиматомези шаҳрвандони Эрон, ки аз фасоди режим ва ҳадар додани сарвати ин кишвар барои таъмини манобеи молии терроризм дар хориҷи ин кишвар хаста шудаанд, вуҷуд дорад». Трамп муддаӣ шудааст: «Давлати Эрон бояд ба ҳуқуқи мардуми худ, аз ҷумла ҳаққи ибрози ақоидашон эҳтиром бигузорад. Ҷаҳон назорагар аст». Афзун бар Трамп, ки бидуни таваҷҷуҳ ба одоби дипломатӣ аз бесуботӣ дар кишварҳои мустақил, аз ҷумла Эрон ҳимоят мекунад, бархе дигар аз раҳбарони сиёсии Амрико низ дар бораи таҷаммӯоти маҳдуд ва мусолиматомез дар Эрон ба изҳори назар пардохта кӯшидаанд, то бо бузургнамоии он хати мудохила дар умури дохилии Эронро пеш баранд. Инҳо ҳамон мақомоте ҳастанд, ки тайи солҳои гузашта ҳамвора мавзеи зиддиэронӣ доштаанд. Нукта ҷолиби таваҷҷуҳ он ҷост, ки танҳо як рӯз пеш аз ин мудохилаи ошкор хабарҳое мабнӣ бар расидани Вашингтон ва Телавив ба тавофуқе барои коргурӯҳи муштарак алайҳи Эрон мунташир шуда ва ба назар мерасад, ки ҳимоят аз бесуботии ахир дар Эрон дар дастури кори ҳамин коргурӯҳ будааст.

Доналд Трамп аз замони расидан ба қудрат кӯшидааст, то хусумати худ бо мардуми Эронро ба намоиш бигузорад: бадаҳдӣ дар тавофуқи ҳастаӣ, эҳёи таҳримҳо, талош барои таваққуфи барномаҳои мушакӣ, тавҳин ба таърих ва тамаддуни эронӣ ва иттиҳоми ҳимоят аз терроризм ҳама гомҳое буда, ки Кохи Сафед алайҳи миллати Эрон бардошта ва акнун дар гоми тозае сиёсати мудохила дар умури дохилии Эронро дар дастури кор гирифтааст. Вашингтон, ки собиқаи тӯлонӣ дар таҳрики гурӯҳҳои табаддулотгар дар кишварҳои мустақил дошта, то кунун борҳо назарияҳои инқилобҳои рангаро дар соири кишварҳо ба иҷро гузоштааст, ҳамчунон умедвор аст, ки битавонад аз ин назарияҳо барои мубориза бо Инқилоби Исломӣ дар Эрон истифода кунад. Шояд барои ҳамин аст, ки бо шикасти фазаи террористии мубориза бо Инқилоби Исломӣ дар минтақа акнун Вашингтон ба ин фикр афтода, ки метавонад бо фурсатталабӣ ва сӯистифода аз бархе норизоиятиҳои иқтисодӣ алайҳи низоми ҷумҳурии исломӣ иқдом кунад. Ин дар ҳолест, ки машрӯият надоштани Вашингтон дар афкори умуми Эрон ҳеҷ гуна шонсе барои қудратнамоии дохилии Кохи Сафед боқӣ нагузошта ва мардуми Эрон, ки шуҷоона бар террористҳои ДИИШ пирӯз шуданд, нахоҳанд гузошт, то ҳомиёни террористҳо дар умури дохилии Эрон дахолат кунанд.

Доналд Трамп, ки ин рӯзҳо рӯйи “аспҳои бозанда” дар ғарби Осиё шартбандӣ карда ва бо ҳимояти Телавиву Риёз саъй мекунад, то шикастҳои пай дар пайи худро ҷуброн кунад, на фақат аз маҳбубияти кофӣ барои асаргузорӣ бар иттифоқоти дохилии Эрон бархурдор нест, балки ҳатто наметавонад нақше дар таҳаввулоти минтақа дошта бошад. Ташкили коргурӯҳҳои муштарак бо режими саҳюнистӣ ва арабҳои минтақа ҳам наметавонад таъсире бар фарҷоми ин уфти қудрати Вашингтон дар минтақа дошта бошад. Ҳимояти Доналд Трамп аз ошуфтагиҳо дар Эронро бояд охирин тири шилликшуда аз сӯйи Вашингтон ба самти Теҳрон дар соли 2017 донист. Ин шилликҳо, албатта, дар соли 2018 идома хоҳанд ёфт, аммо эҳтимолан ба далели бетаҷрибагии шилликкунандагон ҳеҷ гоҳ ба ҳадаф нахоҳанд расид.