Поёни бозиҳои Олимпӣ: Эрон биступанҷум, Тоҷикистон панҷоҳучаҳорум
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i2773-Поёни_бозиҳои_Олимпӣ_Эрон_биступанҷум_Тоҷикистон_панҷоҳучаҳорум
Сивуякумин давраи бозиҳои Олимпии "Рио-2016" шаби гузашта дар Бразилия поён ёфт ва корвони варзишии Эрон дар ҷойгоҳи биступанҷуми ҷаҳон қарор гирифт.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Август 22, 2016 07:49 Asia/Dushanbe
  • Поёни бозиҳои Олимпӣ: Эрон биступанҷум, Тоҷикистон панҷоҳучаҳорум

Сивуякумин давраи бозиҳои Олимпии "Рио-2016" шаби гузашта дар Бразилия поён ёфт ва корвони варзишии Эрон дар ҷойгоҳи биступанҷуми ҷаҳон қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, дар ин рақобатҳо корвони варзишии Эрон дар маҷмӯъ тавонист 8 медалро дар риштаҳои мухталиф касб кунад.

Касби се медали тилло дар риштаҳои вазнбардорӣ ва гуштии озод, як нуқра дар гуштии озод ва чаҳор медали биринҷӣ дар риштаҳои гуштии фарангӣ,  озод ва теквандо дастовардҳои варзишкорони эронӣ дар бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро буд.

Эрон дар ин давра аз рақобатҳо 64 варзишкор, шомили 9 зан ва 55 мардро дар 14 ришта ба Рио-де –Жанейро эъзом кард.

Тоҷикистон низ, ки 7 варзишкорро ба бозиҳои Олимпӣ эъзом карда буд, муваффақ шуд бо касби як медали тиллои Дилшод Назаров дар риштаи партоби гурз ҷойгоҳи панҷоҳучаҳоруми ҷадвали Олимпиро ба худ ихтисос диҳад.

Дар сивуякумин давраи бозиҳои Олимпӣ дар маҷмӯъ 87 кишвар муваффақ ба касби медал шуданд, ки аз ин миён Амрико бо баҳрамандӣ аз бузургтарин корвони варзишӣ (555 варзишкор) бо касби 121 медал қаҳрамон шуд.

Ҳамчунин Англия ва Чин мақомҳои дуввум ва саввуми бозиҳои "Рио-2016"-ро соҳиб шуданд.

Дар сивуякумин давраи бозиҳои Олимпӣ 10 ҳазору 444 варзишкор аз 206 кишвари ҷаҳон дар риштаҳои мухталифи варзишӣ бо ҳам рақобат карданд.