Январ 02, 2018 17:33 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидор бо ҷамъе аз хонаводаҳои шаҳидон гуфтанд, дар бораи ҳаводиси ин рӯзҳои Эрон ба зудӣ суханонеро бо мардум дар миён хоҳанд гузошт.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз, сешанбе, дар дидори ҳафтагӣ бо теъдоде аз хонаводаҳои муаззами шаҳидон иззат, амният ва пешрафти миллати Эронро мадюни фидокорӣ ва азҷонгузаштагии шуҳадо донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин воқеият, ки душман ҳамвора мунтазири фурсат ва рахна барои вуруд ва зарба задан ба миллати Эрон будааст, афзуданд, дар қазияҳои чанд рӯзи ахир душманони Эрон бо абзорҳои гуногуне дар ихтиёрашон, аз ҷумла пул, силоҳ, сиёсат ва дастгоҳи амниятӣ ҳампаймон шуданд, то барои низоми исломӣ мушкил эҷод кунанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ гуфтанд, дар бораи ин қазоё ҳарфҳое доранд ва дар вақти он бо мардуми Эрон сухан хоҳанд гуфт.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ вазъи таассуфбори бархе кишварҳои минтақаи ғарби Осиё ва шимоли Африқоро ёдовар шуда гуфтанд, агар дар ҷанги таҳмилӣ (ҷанги ҳаштсолаи режими Саддом дар Ироқ алайҳи Эрон) пойи душман ба Эрон боз мешуд, ба ҳеҷ чиз раҳм намекарданд ва вазъи ба маротиб бадтар аз вазъияти имрӯзи Либия ва Сурия барои Эрон ба вуҷуд меомад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, он чӣ ки монеи душман ва эъмоли душмании ӯст, вуҷуди рӯҳи шуҷоат, фидокорӣ ва имон дар миллат аст.

Эшон ҳамчунин аз хонаводаҳои шаҳидон қадрдонӣ карда афзуданд, арзиши кори падарону модарони шуҳадо ва шуҷоату фидокории онон камтар аз ҷавонони шаҳидашон нест ва ҳаққи бузурге бар кишвар доранд.