Август 22, 2016 17:00 Asia/Dushanbe
  • Талоши Ғарб барои сиёҳнамоӣ зидди Эрон

Сафири Чин дар Эрон, гуфт, кишварҳои ғарбӣ зидди Эрон сиёҳнамоӣ мекунанд.

Панг Син, сафири Чин дар Эрон, рӯзи душанбе дар маросими баргузории ошноӣ бо Чин ва шинохти Чини ғарбӣ "Синзян-2016", дар Теҳрон бо баёни ин ки кишварҳои ғарбӣ ҳамвора барои сиёҳнамоии фарҳанги ғании Эрон талош кардаанд, таъкид кард, баргузории барномаҳои фарҳангии муштарак, воқеъияти Эронро ба ҷаҳониён нишон медиҳад.

Сафири Чин дар Эрон, бо ишора ба сафари раисиҷумҳурии Чин ба Теҳрон ва имзоии тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар, афзуд, роҳи Абрешим на танҳо як роҳи тиҷорӣ аст, балкӣ ҷодае барои фарҳанг, тамаддун ва андеша аст.

Вай гуфт, аз тариқи  роҳи Абрешими қадим фарҳанг ва тамаддуни Эрон ба Чин густариш ёфт ва ҳамчунин фарҳанг ва андешаи Чин ба Эрон ва ҳатто Аврупо расид.

Сафири Чин дар Теҳрон, Эронро чоҳарроҳи муҳимме дар роҳи Абрешим ва Синзянро марвориде дар фарҳанги Чин тавсиф кард.

Маросими барномаи фарҳангии ошноӣ бо Чин ва шинохти Чини Ғарбӣ "Синзян -2016", ба муддати ҳафт рӯз дар Теҳрон баргузор мешавад.