9 дурӯғи ҳайратангез дар бораи ошӯбҳои ахир дар Эрон! (акс)
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i27957-9_дурӯғи_ҳайратангез_дар_бораи_ошӯбҳои_ахир_дар_Эрон!_(акс)
Расонаҳо ва каналҳои “Телеграм”-ии душман дар ошӯбҳои ахир дар Эрон аз дурӯғгӯӣ ва овозапароканӣ, истифодаи бисёр бурданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 05, 2018 09:53 Asia/Dushanbe
  • 9 дурӯғи ҳайратангез дар бораи ошӯбҳои ахир дар Эрон! (акс)

Расонаҳо ва каналҳои “Телеграм”-ии душман дар ошӯбҳои ахир дар Эрон аз дурӯғгӯӣ ва овозапароканӣ, истифодаи бисёр бурданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, 9 маврид аз аҷибтарин дурӯғҳое, ки дар ин муддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва каналҳои “Телеграм”-ии ҳомиёни ошӯбгарон мунташир шуд, аз ин қарор аст:

 Вуруди Сипоҳ аз роҳи дарё

Шабакаи моҳвораии “Ман ва Ту” дар гузориши аҷиби худ муддаӣ шуд, шаҳри Изе суқут кард, аммо Сипоҳ аз роҳи дарё онро пас гирифт!

Image Caption

Аммо воқеият ин аст, ки шаҳри Изе дар устони Хузистон дар ҷанубу ғарби Эрон ҳеҷ роҳе ба дарё надорад ва ҳаддиақал бо дарё 350 километр фосила дорад.

 * Таҷаммуи эътирозӣ дар Варомин

Яке аз каналҳои “Телеграм”-ӣ филмеро мунташир кард, ки иддао мешуд, марбут ба таҷаммӯи эътирозомез дар Варомин дар наздикии Теҳрон аст ва ин дар ҳоле буд, ки ҳеҷ таҷаммуе дар ин рӯзҳо дар Варомин баргузор нашуд.

Image Caption

Дар ин видео, ки иддао мешавад, марбут ба майдони Роҳи оҳани шаҳри Варомин аст, тасвире аз шӯъбаи “Бонки Дай” дида мешавад, дар ҳоле, ки масъули равобити умумии “Бонки Дай” дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Форс”, таъкид кардааст, ин бонк ҳеҷ шӯъбае дар Варомин ва аз ҷумла дар майдони Роҳи оҳани ин шаҳр надорад!

 

 * Ҳузур тонкҳо барои муқобила бо таҷаммуот!

Яке аз каналҳои “Телеграм”-ӣ тасвире аз як тонкро дар яке аз хиёбонҳои Теҳрон мунташир кард ва аз оғози ҳузури тонкҳо ва нафарбарҳо дар хиёбонҳо хабар дод.

Image Caption

Ин дар ҳоле буд, ки тасовир ба интиқоли тонкҳо ба намоишгоҳи "Дифои муқаддас"-и Теҳрон дар соли 1394 (2015) марбут мешуд!

 

 * Юриш ба самти байти раҳбарӣ!

Яке дигар аз каналҳои “Телеграм” тасвиреро мунташир кард ва муддаӣ шуд, ин тасвир юриши мӯътаризон ба самти байти раҳбарӣ дар соати 19:50 ва ваҳшати маъмуронро нишон медиҳад.

Image Caption

Дар ин тасвир ҳаво равшан аст, дар ҳоле, ки дар замистон пойтахти Эрон дар соат 17:30 комилан торик аст!

 

 * Тасвири машрубфурӯшии Миср ба ҷои Аҳвоз

Дар рӯзҳои гузашта тасвири зер дар бархе каналҳо бо унвон "хунҳои рехта шудаи ҳукумати исломӣ дар Аҳвоз" мунташир шуд, аммо ин тасовир марбут ба ҳамлаи мусаллаҳона ба як машрубфурӯшӣ дар Миср аст, на даргирӣ дар Аҳвоз!

Image Caption

 

 *Тасовири инқилоби Баҳрайн 2011 ба ҷои эътирозоти Эрон 2018

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ низ барои ин, ки аз қофила ақиб намонанд, тасвиреро мунташир карданд ва муддаии эътирози 300 ҳазор нафарӣ дар Эрон шуданд.

Image Caption

Як корбар аз Баҳрайн посухи ин овозаро дод ва эълом кард, ки ин тасвир ҳаргиз марбут ба Эрон нест ва мутааллиқ ба тазоҳуроте дар Баҳрайн ва дар соли 2017 аст.

Image Caption

 

 * Интишори як тасвир барои чанд шаҳр

Ҳаракати дигари ин каналҳо барои густурда нишон додани ин эътирозот дар Эрон, интишори як акси ягона ва истифода аз он, барои чанд шаҳр аст.

Ба навиштаҳои поини акси зери таваҷҷуҳ кунед:

Image Caption

 

 * Вақте фарқи пулиси Италия бо пулиси Эронро намефаҳманд

 Филми кӯтоҳе низ бо тетри тахриби амволи умумӣ, тавассути маъмурони ҳукумат дар бархе каналҳои зидд инқлоб мунташир шуд, ки баррасиҳо нишон дод, ин филм ба мутааллиқ ба Италия буд.

Image Caption

 

 *Интишори тасовири маросими “9 дай” ба ҷои эътирозоти мардумӣ

 Бархе корбарони хориҷӣ низ саводи хондани забони форсиро надоранд, тасовири маросими давлатӣ ва саросарии “9 дай” (30 декабр)-ро, ки шиорҳои зидди амрикоӣ дар дасти мардум низ комилан мушаххас аст, дар сафаҳоти худашон мунташир карданд ва аз он ба унвони тазоҳуроти мардуми Эрон, алайҳи ҳукуматашон ёд карданд.

Image Caption