Поёни дувумин Кунгураи байналмилалии шеъри “Паёмбари меҳрубонӣ” дар Зоҳидони Эрон
(last modified Fri, 05 Jan 2018 16:50:33 GMT )
Январ 05, 2018 21:50 Asia/Dushanbe
  • Поёни дувумин Кунгураи байналмилалии шеъри “Паёмбари меҳрубонӣ” дар Зоҳидони Эрон

Дувумин Кунгураи байналмилалии шеъри “Паёмбари меҳрубонӣ” (с) бо қироати баёнияи ҳайати доварон шаби панҷшанбе дар шаҳри Зоҳидон, маркази устони Систон ва Балучистони Эрон ба кори худ поён дод.

Ба гузориши ИРНА, ҳайати доварони дувумин Кунгураи байналмилалии шеъри “Паёмбари меҳрубонӣ” (с) нафарони баргузидаро дар бахшҳои шеъри классикии забони форсӣ, шеъри сафеди забон форсӣ, забони балучӣ, гӯиши систонӣ, забонҳои арабӣ, пашту, туркӣ, урду, туркманӣ ва курдӣ муаррифӣ кард. Шеърхонии шоирон дар васфи шахсияти ҳазрати Муҳаммади мустафо (с) ва иҷрои мусиқии суннатии Систону Балучистон аз дигар барномаҳои маросими поёнии дувумин Кунгураи байналмилалии шеъри “Паёмбари меҳрубонӣ” буд.

Дувумин Кунгураи байналмилалии “Паёмбари меҳрубонӣ” (с) бо ҳадафи тарвиҷу тавсеаи бародарӣ ва ҳамдилӣ, тақвияти пайванди пайравони мазоҳиби мухталифи исломӣ, муаррифии муштаракоти исломӣ дар густараи Эрон ва ҷаҳони Ислом ва тавлиду муаррифии осори фохири адабӣ бо муҳтавои ваҳдати исломӣ дар Зоҳидон, маркази устони Систону Балучистон, ҷанубу шарқи Эрон ба муддати ду рӯз баргузор шуд.