Вазири иттилооти Эрон: Душманон мунтазири посухи кӯбандаи Эрон бошанд
(last modified Sat, 06 Jan 2018 15:56:40 GMT )
Январ 06, 2018 20:56 Asia/Dushanbe
  • Вазири иттилооти Эрон: Душманон мунтазири посухи кӯбандаи Эрон бошанд

Вазири иттилооти Эрон бо ишора ба шаҳодати се неруи амниятӣ ба дасти террористҳо дар минтақаи марзии Пироншаҳр (шимолу ғарби Эрон), таъкид кард, неруҳои амниятии Эрон ба зуддӣ посухи кӯбандае ба гурӯҳакҳои террористӣ ва зидди инқилоб дар минтақа, хоҳанд дод.

Як гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, ки бо маъмурияти инфиҷор, куштор ва қатли мардуми бегуноҳ ва барои тадовумбахшӣ ба иғтишошоти ахир вориди Эрон шуда буд, чаҳоршанбеи гузашта (3 январ), дар Пироншаҳр таҳти расади иттилоотӣ қарор гирифт. Террористҳо ҳангоми даргирӣ бо сипар қарор додани як зани рустоӣ, иқдом ба тирандозӣ ба самти маъмурони амниятии Эрон карданд, ки тайи он се нафар аз маъмурон ба шаҳодат расиданд.

Дар ин даргирӣ як нафар аз террористҳо низ кушта шуд ва чанд нафар аз онон захмӣ шуданд.

Маҳмуди Алавӣ, Вазири иттилооти Эрон рӯзи шанбе дар маросими хатми се шаҳиди неруи амниятӣ дар Урумия, бо баёни ин ки гурӯҳакҳои террористӣ наметавонанд иродаи мардуми Эронро мутазалзил кунанд, гуфт, ҷавонони эронӣ бо рашодати худ тавтеаҳои шуми душманонро нақшибароб мекунанд.

Маҳмуди Алавӣ афзуд, неруҳои амниятии Эрон ҳаргиз ба душман иҷозаи барҳам задани амнияти Ҷумҳурии Исломии Эронро намедиҳанд.

Дар рӯзҳои гузашта, теъдоде аз мардум дар чанд шаҳри Эрон, бо баргузории таҷаммӯъ ва сардодани шиорҳое, ба таъйини таклиф нашудани молбохтагони муассисоти молӣ ва гаронии бархе колоҳо ва заъфи назорати давлат эътироз карданд, ки бархе аз ин таҷаммӯъҳо аз сӯи фурсатталабон ва иғтишошгарон дар сояи ҳимояти хориҷӣ, ба ошӯб кашида шуд.