Январ 07, 2018 12:54 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши пажӯҳишгарони пуристиноди Эрон дар сатҳи байналмилалӣ

Муовини вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон аз рушди 33 дарсадии теъдоди пажӯҳишгарони пуристиноди Эрон дар сатҳи байналмилалӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Масъуди Буруманд гуфт, бино ба гузориши пойгоҳи шохисҳои асоси илм (ISI), теъдоди пажӯҳишгарони як дарсад бартар (пуристинод)-и Эрон дар сатҳи байналмилалӣ аз ибтидои соли 2017 то кунун аз 228 нафар ба 303 нафар (муодили 33 дарсад) афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи вай аз соли 2016 миёнаи истинод ба мақолоти байналмилалии Эрон афзоиш ёфта ва ба сатҳи миёнгини ҷаҳонӣ расидааст.

Мансур Ғуломӣ, вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон низ чанде пеш гуфта буд, Эрон ҷойгоҳи нахустро дар тавлиди илм дар сатҳи минтақа дорад ва дар бархе улуми ҷадид низ ҷойгоҳи хубе дар сатҳи ҷаҳон ба даст овардааст.

Ба гуфтаи вай, Эрон зарфиятҳои хубе аз лиҳози зерсохтҳои илмӣ ва омӯзишӣ дорад ва устодону донишҷӯёни нухбаи эронӣ дар байни нухбагони ҷаҳон ҷойгоҳи вижае доранд.