Январ 07, 2018 19:31 Asia/Dushanbe
  • Идомаи роҳпаймоиҳо барои маҳкум кардани иғтишошоти ахир дар Эрон

Мардуми Эрон дар идомаи маҳкумияти иқдомоти ахири ошубгарон дар бархе манотиқи кишвар ва ҳимоят аз ормонҳои инқилоби исломӣ, имрӯз дар чанд шаҳр роҳпаймоии худҷуш ва ваҳдатбахш баргузор карданд.

Аз 2 январ дар бисёре аз шаҳрҳои Эрон роҳпаймоиҳои худҷуш баргузор ва идомаи роҳпаймоиҳои мардум фардо душанбе низ дар бархе шаҳрҳои Эрон баргузор хоҳад шуд.

Гурӯҳҳои мухталифи мардумӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар саросари Эрон бо эъломи инзиҷор аз фитнагарон ва авомили истикбори ҷаҳонӣ иғтишошгарӣ ва тхриби амволи умумиро маҳкум мекунанд.

Аз 28 декабр 2017 ба муддати чанд рӯз, теъдоде аз мардум дар чанд шаҳри Эрон, бо баргузории таҷаммуъ ва сар додани шиорҳое, ба таъини таклиф нашудани молбохтагони муассисоти молӣ ва гаронии бархе колоҳо ва заъфи назорати давлат эътироз карданд, ки бархе аз ин таҷаммуъҳо аз сӯи фурсатталабон ва иғтишошгарон бо ҳимояти хориҷӣ ба ошуб кашида шуд.