Январ 08, 2018 16:49 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Эрон нобихирадиҳои давлати Амрикоро дар нутфа хафа кардааст

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Алоқамандии мардуми Эрон барои мушорикат дар таъини сарнавишташон ҳамвора нобихирадиҳои давлати Амрикоро дар нутфа хафа кардааст.

Баҳроми Қосимӣ дар Нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ, дар бораи Нишасти амниятии Теҳрон ва талоши Амрико барои ба чолиш кашидани амнияти Эрон гуфт: Сиёсатҳои хасмона ва кинатузонаи Амрико, ки саъй мекунад, ба роҳҳои мухталиф Эронро ба чолиш бикашад, ҳамвора бо шикаст ҳамроҳ шудааст.

Қосимӣ бо ёдоварии шикастҳои сиёсати хориҷии давлати Амрико дар як соли гузашта тасреҳ кард: Раисҷумҳури Амрико мушаввиқи аслии эҷоди буҳрон дар минтақа аст.  

Ӯ бо ишора ба Нишасти фавқулодаи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар бораи нооромиҳои ахир дар Эрон в “на”-и кишварҳои ҳозир дар Шӯрои амният ба давлати Амрико гуфт: “на” ба Трамп шикасте дар идомаи шикастҳои пешин дар ҳавзаи сиёсат хориҷӣ, минтақа ва ҷаҳон барои давлати Амрико буд.

Ба гуфтаи вай, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои Шӯрои амният нишон доданд, ки даврони ҷадид фаро расида ва дигар табаияте аз Амрико надоранд.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи итмоми зарбулаҷали Амрико дар мавриди таҳримҳои ҳастаӣ ва ғайриҳастаии Эрон дар рӯзҳои оянда ва изҳороти мутаноқизи мақомҳои амрикоӣ низ гуфт: Ончи, ки дар ҷумҳурии исломии Эрон аз гузашта мадди назар ва таваҷҷуҳи лозим қарор доштааст, пешбинии ҳамаи сенарияҳои эҳтимолӣ ва мумкин аст ва барои ҳаргуна вазъият, тасмимоти лозим иттихоз хоҳад шуд.