Август 23, 2016 09:12 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли аз саргирии ҳамалоти ҳавоии Русия ба Сурия аз Эрон

Сафири Русия дар Эрон гуфт, ҷангандаҳои русӣ мумкин аст дар оянда ва бино ба салоҳдиди сарони ду кишвар, ҳамалот алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия аз Эронро дубора аз сар гиранд.

Ба гузориши "Интерфакс", Ливан Ҷагариён, сафири Русия дар Эрон рӯзи душанбе бо ишора ба хуруҷи ҳамаи ҳавопаймоҳои русӣ аз Эрон гуфт: "Маскав ҳеч монеае барои истифода аз зерсохтҳои Эрон, шомили пойгоҳи ҳавоӣ дар Ҳамадон барои анҷоми ҳамалот ба мавозеи террористҳо дар Сурия дар оянда намебинад".

Ҷагариён афзуд, Маскав умедвор аст, ки Русия ва Эрон таомулоти худ дар бораи фароянди сулҳ дар Сурияро тақвият кунанд.

Сафири Русия дар Эрон хотирнишон кард, чашмандози таомулоти Русия ва Эрон дар бораи Сурия бисёр мусбат аст.

Игор Коношенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия ҳам эълом кард, истифодаи муҷаддад аз фурӯдгоҳи низомии "Нужа" -и Ҳамадон барои ҳамла ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия, ба вазъияти ин кишвар бастагӣ дорад.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон низ рӯзи душанбе гуфт, истифодаи Русия аз пойгоҳи ҳавоии "Нужа" поён ёфтааст.

Қосимӣ дар нишасти ҳафтагии худ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ изҳор дошт, Русия на дар Эрон пойгоҳ дорад ва на мустақар шудааст, мавзӯе буд, ки анҷом шуд ва фавран поён ёфт.