Январ 11, 2018 17:33 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Қатар: Эрон нахост қатириҳо гурусна бимонанд

Вазири хориҷа ва муовини нахуствазири Қатар гуфт, Эрон аз ихтилофи сиёсӣ бо Давҳа барои гурусна нигоҳ доштани мардуми Қатар, истифода накард.

Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ дар гуфтугӯ бо барномаи телевизионии “Ҳақиқат”, ки чаҳоршанбе шаб аз телевизиони давлатии Қатар пахш шуд, гуфт, байни Эрон ва Қатар дар бораи бархе парвандаҳои минтақаӣ ихтилофи назари сиёсӣ вуҷуд дорад, аммо баъд аз муҳосираи Қатар аз сӯи ҳамсоягонаш, Эрон ҳеҷгоҳ аз ин ихтилофи назари сиёсӣ истифода накард, то ба Қатар зарба бизанд ва мардуми ин кишварро гурусна нигоҳ дорад.

Вай афзуд, Эрон ҳамсояи мо аст ва мо ба ин кишвар эҳтиром мегузорем.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср авоили июни 2017 бо тарҳи иддаои ҳимояти Қатар аз терроризм, ҳамаи равобити худро бо ин кишвар қатъ карданд ва марзҳои ҳавоӣ, дарёӣ ва заминии худро низ ба рӯйи ин кишвар бастанд.

Дар муддати муҳосираи қатариҳо Эрон ва Туркия, маводи ғизоӣ ва дигар ниёзҳои ин кишварро таъмин карданд.