Январ 11, 2018 18:40 Asia/Dushanbe
  • Оғози давраи тақвияти забони форсӣ барои устодони ироқӣ

Давраи омӯзиш ва тақвияти забони форсӣ барои ҷамъе аз устодони ироқии ин забон дар пойтахти Ироқ, оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ризо Саҳроӣ, муовини омӯзиш ва пажӯҳиши “Бунёди Саъдӣ”-и Эрон, рӯзи панҷшанбе гуфт, ин давра шаш рӯз аст ва ҷамъе аз устодон ва мударрисони ироқии забони форсии шоғил дар марокизи донишгоҳӣ ва илмии Ироқ дар он, ҳузур доранд.

Саҳроӣ гуфт, ҳадаф аз баргузории ин давра омӯзиш, тақвият ва беҳбуди маҳоратҳои хондан, навиштан, сӯҳбат кардан ва шунидани забони форсӣ аст ва дар ниҳоят ба устодон ва мударрисони ироқии ширкат карда дар ин давра, мадраки мӯътабари “Бунёди Саъдӣ” эҳдо мешавад.

Забони форсӣ ба унвони яке аз забонҳои классики ҷаҳон дар нишасти адабии соли 1872-и Берлин ба расмият шинохта шуда ва ба сабт расидааст.

Фараҷуллоҳи Толибӣ, муовини Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон ахиран эълом кард, забони форсӣ дар 56 донишгоҳи 37 кишвари ҷаҳон тадрис мешавад.