Ҷашнвораи байналмилалии Театри арӯсакии Теҳрон
Карнавали арӯсакҳо (лӯхтак) дар Ҷашнвораи байналмилалии Театри арӯсакӣ аз муқобили толори "Ваҳдат" ба самти "Театршаҳр" дар Теҳрон, бо ҳамроҳии хонаводаҳо ба кор оғоз кард.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, шонздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии "Театри арӯсакии Теҳрон муборак" рӯзи душанбе бо орзӯи барқарории сулҳу амният дар ҷаҳон ва бо карнавали арӯсакҳо, ки муташаккил аз арӯсакҳои шинохташудаи аврупоӣ ва осиёӣ аст, аз муқобили толори "Ваҳдат" оғоз шудааст.
Ҳузури арӯсакҳои ғӯлпайкари Зол, Рустам, Рӯдоба, ғӯли "Шоҳнома", Чарли Чаплин ва арӯсакҳои достонӣ ва фонтозии дигар аз ҷаззобиятҳои ин карнавал буд.
Кӯдакон дар ин карнавал шиори ҷашнвораро, ки "Осмон арӯсакҳои обӣ аст" ба ҳамроҳ доштанд.
Дабири шонздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии "Театри арӯсакии Теҳрон муборак" ибрози умедворӣ кард, сулҳу амният ҳамеша ва дар ҳама ҷойи ҷаҳон барқарор ва ҳеч бачае дар ҳеч куҷои дунё шабро бо ваҳшат сипарӣ накунад.